Боздошти писари вакили порлумон ба гумони фасодкорӣ

Сарнозири Маркази равандҳои гумрукӣ дар вилояти Ӯши Қирғизистон Азатбек Нуриддинов дастгир шудааст.

Дар хадамоти матбуоти Додгоҳи ноҳияи Якуми Майи Бишкек бо тасдиқи хабар гуфтанд, Нуриддинов ва чанд корманди дигари гумруки Қирғизистон ба фасодкорӣ гумонзад ҳастанд.

Нуриддинов бо қарори додгоҳ то 22-юми майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, феълан дар боздоштгоҳ аст.

Расонаҳои маҳаллӣ ва манбаъҳои боварбахш гуфтанд, Нуриддинов писари вакили порлумони Қирғизистон Нодира Норматова аст.

Нодира Норматова то ҳол боздошти писарашро шарҳ надодааст ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳам аз шарҳи хабар худдорӣ мекунад.