Путин қонунро дар бораи шаҳрвандӣ имзо кард

Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 28-уми апрел қонунро дар бораи шаҳрвандӣ имзо кард.

Бар асоси он, муҳоҷирон ё хориҷиёни табааи Русия, ки артиши ин кишварро беобрӯ мекунанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум хоҳанд шуд, на онҳое, ки дар ин давлат ба дунё омадаанд.

Шаҳрванд он гоҳ аз паспорти русӣ маҳрум мешавад, ки додгоҳ ҳукм кунад, ки ӯ артиши Русияро бадном кардааст ё бо амалҳояш “амнияти миллиро зери хатар гузоштааст”.

Ин амалҳо метавонанд, “даъват ба халалдор кардани тамомияти арзии Русия ва ё даъватҳо ба ифротгароӣ” бошанд.

Айни замон бар асоси қонуни нав, шароити гирифтани шаҳрвандии Русияро барои 20 гуруҳи хориҷиён осон кардаанд.

Аз ҷумла хориҷиёне, ки дар ҳайати артиши Русия ва ё “дигар гуруҳҳои низомӣ” бар асоси қарордод як сол хидмат мекунанд, бе навбат шаҳрвандӣ мегиранд. Ҳадафи ин банди қонунро ҷалби сарбозони бештар ба ҷанг дар Украина медонанд.