Ҳусейн Ҳасанов (Гусейн Гасанов), блогери озариасл, ки дар Тоҷикистон низ пайрав дорад, дар Русия ба насупурдани андоз, пулшӯйӣ ва таблиғи қимор муттаҳам мешавад.
"Роскомнадзор", Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Русия, саҳифаҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар рӯйхати сомонаҳои мамнуъ даровардааст.
Хабаргузории русии "Mash" рӯзи 29-уми апрел бо такя ба "Роскомнадзор" навишт, ки нисбат ба Ҳусейн Ҳасанов (Гусейн Гасанов) барои таблиғи қимор парванда боз шудааст.
Номи ӯ дар баробари 29 блогери дигаре дар ин рӯйхат дарҷ шудааст, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия таҳия шудааст. Дар ин рӯйхат номи Мадина Басаева, блогери тоҷики муқими Русия низ барои насупурдани андоз ва пулшӯйӣ зикр шудааст.
Назари ин блогер ба иттиҳоми мақомоти Русия ҳанӯз маълум нест, вале хабар дар рӯзе нашр шуд, ки Ҳусейн Ҳасанов (Гусейн Гасанов) дар Тоҷикистон аст. Фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шеваи пешвозгирии бодабдабаи ӯро танқид карданд.
Блогерро Исмоили Маҳмадзоҳир, набераи Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба Тоҷикистон овардааст. Пешвози ин блогер ҳамчун як раҳбари хориҷӣ дар фурудгоҳи Душанбе, зиёфат додани ӯ дар бӯстонсарои ҳукуматӣ ва бо чархбол ба тамошои манзараҳои Тоҷикистон бурдани ӯ хашми мухолифинро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.
Мухолифон Эмомалӣ Раҳмонро барои имкони истифода додан ба наберааш аз имтиёзҳои давлатӣ барои пешвоз гирифтани як блогер танқид карданд.
Ҳусейн Ҳасанов, ки бо забони русӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст, бештар бо нашри қиморбозӣ ё ба истилоҳи худаш «бозии бурднок» шинохта шудааст.