"Ҳамла ба анборҳои нигаҳдории нафт дар Севастополи ишғолшуда аз сӯи Русия бахше аз омодагии Киев ба ҳамлаи ҷавобӣ аст." Дар ин бора Наталя Гуменюк, намояндаи нерӯҳои мудофиаи Укарина хабар дод.
Гуменюк гуфт, баъд аз сӯхтор дар пойгоҳи нафт низомиҳои Русия ба ташвиш уфтодаанд ва талош доранд, ки оилаҳояшонро кӯчонанд ва дар сурати мавҷуд будани имконият худ низ Қрими ғасбшударо тарк кунанд.
"Ин иқдом омодагӣ ба ҳамлаи ҷавобии густарда аст, ки бисёриҳо онро интизоранд", - гуфт Гуменюк.
Сӯхтор дар анборҳои нигаҳдории нафт дар Севастопол рӯзи 29-уми апрел рух дод. Чаҳор анбор оташ гирифта, касе осеб надидааст. Мақомоти аз сӯи Русия таъйиншудаи Севастопол гуфтанд, ба анборҳо ду бесарнишин ҳамла кард.
Владимир Зеленский, президенти Украина, дар рӯзи ҳамла ба анборҳои нафт бо расонаҳои ғарбӣ суҳбат мекард ва бори дигар тазаккур дод, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ неруҳои Украина тасмим доранд, назоратро ба ҳудудҳои аздастрафта, аз ҷумла Қрим баргардонанд.
Дар ҷавоб раиси порлумони Қрим Владимир Константинов гуфт, ки талоши Киев барои ҳамла ба Қрим посухи шадид хоҳад гирифт.
Украина ҳадаф дорад, ҳамаи ҳудудҳои аз сӯи Русия ғасбшудааш, аз ҷумла Қрим ва қисме аз вилоятҳои Донетск, Луганск, Херсон ва Запорожйеро дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ баргардонад. Санаи дақиқи оғози ҳамлаи ҷавобии Украина маълум нест.