Як арзёбии тоза нишон додааст, ки саршумори як ҷонвари нодир дар Тоҷикистон дар муқоиса ба солҳои гузашта ба маротиб зиёд шудааст. Саршумори бузи пармашох ва ё морхӯр, ки солҳои 90-ум фақат 500 ададро ташкил медод, то нимаи соли 2022 аз 5 ҳазор адад гузаштааст.
Маҷаллаи илмии “Оryx”-и Бритониё бо чопи натиҷаҳои пажуҳиши табиатшиносони тоҷик ва хориҷӣ навиштааст, гуруҳе аз мутахассисони хориҷӣ, соли гузашта бо даъвати табиатшиносони тоҷик ба Тоҷикистон рафта, дар масоҳати 2000 километри мураббаъ ва дар тули 15 рӯз дар маконҳои аслии сукунати морхӯрҳо онҳоро ҳисоб кардаанд.
Ба навиштаи маҷалла, гуруҳ мутахассисони хориҷӣ ва Академияи улуми Тоҷикистон маълум карданд, ки саршумори морхӯр сол ба сол афзоиш ёфтааст ва он аз вартаи нобудӣ дуртар рафтааст.
Хабаргузории давлатии “Ховар” ҳам рӯзи 30-уми апрел бо такя ба мақомоти расмӣ навишт, ки саршумори морхӯр дар ноҳияи Дарвоз ду маротиба афзоиш ёфта, аз 500 сар гузаштааст.
Боло рафтани фарҳанги экологии мардум, пешгирӣ аз шикори ғайриқонунӣ, ҳифзи муҳити сукунати ҷонварон аз омилҳои афзоиши саршумори морхӯр хонда шудааст, ки дар Китоби сурхи Тоҷикистон шомил шудааст ва аз ҷумлаи ҷонвароне дар ҷаҳон дониста мешавад, ки ба он хатари нобудӣ таҳдид мекунад.