Вазорати умури хориҷӣ эълон кард, ки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон якҷо масъалаи таъйини нуқтаи як маҳаллеро баррасӣ карданд, ки сарҳади се кишварро ба ҳам мепайвандад.
Дар баёнияи расмии вазорат, ки шоми 29-уми апрел нашр кард омадааст: “Зимни гуфтушунид ҷонибҳо оид ба масъалаи муайян кардани нуқтаи пайвастшавии хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон табодули афкор намуданд.”
Ҷузъиёти дигаре дар ин бора нашр нашудааст ва фақат инро гуфтаанд, ки вохӯрии оянда дар Тоҷикистон сурат мегирад. Тоҷикистону Узбекистон таъйин ва аломатгузории марзи 1332 километрии худро тақрибан ба поён расонидаанд, аммо таъйину аломатгузори марз бо Қирғизистон ҳануз идома дорад.
Тоҷикистон дар шимолу-шарқ бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст ва тули он тахминан 987 км-ро ташкил мекунад. Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 300 километри дигар ҳанӯз бе аломату баҳсбарангез аст.
Аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ, ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст. Ду ҷониб ҳамеша ҳамдигарро дар сар задани муноқиша айбдор мекунанд.