Владимир Зеленский, президенти Украина дар як мусоҳибааш бо хабарнигорони аврупоӣ рӯзи 29 апрел гуфт, таъмини кишвараш бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ “кӯмаки бузурге” хоҳад шуд, вале амалиёти муқовимати артиши ин кишвар пойбанди ин таҷҳизот буда наметавонад. Даъвати батакрори раҳбари Украина ба зарурати дастрасӣ ба силоҳҳои сангин дар ҳолест, ки рӯзи 28 апрел дар натиҷаи як ҳамлаи бомбафканҳои стратегии Русия дар Украина 25 кас кушта шуд. Зеленский дар ин мусоҳибааш гуфт, “мо таъхир намекунем ва амалиёти худро то расидани ҳавопаймоҳои F-16 ваё чизи дигари мисли он шурӯъ хоҳем кард”.