"Ӯро бесарнишин зад". Ҷасади Валиҷонро аз Украина ба Турсунзода оварданд. ВИДЕО

Валиҷон панҷ соли ахир дар маҳбас будааст.

Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро, ки дар Русия ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд ва дар ҷанги Украина кушта шудаст, ба хонаводааш супурдаанд.

Валиҷон Раҳматов, соли 2015 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, ба қавли пайвандонаш, соли 2018 дар ин кишвар маҳкум ба зиндон мешавад. Наздикони ҷавон дақиқ намедонанд, писарашон чӣ гуна аз зиндоне дар Русия ба ҷанги Украина ҷалб шудааст, вале бовар доранд, ихтиёран ба ҷанг нарафтааст.

Панҷ рӯз боз хонаводаи ӯ дар кӯчаи Муҳаммад Осимии шаҳри Турсунзода мотам дорад. Тобути Валиҷон Раҳматови 27-соларо шоми 22-юми апрел аз Русия ба Душанбе овардаанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боз як тоҷик дар Украина ба қатл расида, дар Тоҷикистон ба хок супурда шуд

Падараш Ҳокимҷон Раҳматов, рӯзи 26-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш дар пай як муноқиша дар Русия ба зиндон маҳкум шуда буд.

Ӯ гуфт: “Дар Санкт-Петербург буданд, дар анборҳо кор мекарданд. Дар байн чӣ хел шуд, ки бо доғистониҳо ҷангашон шуд. Хуласи гап, 5 сол дар маҳбаси Русия маҳкам буд. Дар Лелинград (Санкт-Петербург) буд, аз онҷо ба Иркутск бурданд. Вақти дар маҳбас буданаш занг мезад. "Дадаҷон зиқ нашав, дадаҷон ҳама садай, хавотир нашавед,"- мегуфт.”

Се моҳ пеш тамосҳои Валиҷон ба хонаводааш қатъ шудааст. Падараш мегӯяд, Валиҷон бори охир бо бародараш ҳамсуҳбат шудааст.

“Дигар занг назад, алоқа қатъ шуд. Ба додараш занг задааст, ки мо ҷанг рафтем. Моро аз маҳбас бурданд. Ҳамин рӯзи иди Рамазон буд, ки фаҳмидам, аз дунё гузаштааст. Низомиёни Русия ба бародараш гуфтаанд,”-гуфт, Ҳокимҷон Раҳматов, падари Валиҷон.

Ба қавли хонаводаи ҷавон, тақрибан ду моҳ пеш ӯ аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ҷон додааст ва ҷасадаш бештар аз ду моҳ дар сардхона мондааст. Падараш бар асоси шунидаҳои худ ба мо нақл кард, ки “писарашро ҳавопаймои бесарнишин бо чор нафари дигар дар дохили нақбе задааст."

Валиҷон писари калонии хонавода будааст. Падараш мегӯяд, ният дошт, дар Русия кор ва бо дӯстдоштааш издивоҷ кунад.

Ҷасади ӯро рӯзи 23-юми апрел дар қабристони маҳалли зисташ, дар 50 километрии шаҳри Душанбе дафн кардаанд.

Мисли ин ҷавон то имрӯз хабари марги беш аз 20 маҳбуси тоҷик дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст.

Русия, ки моҳи феврали соли гузашта ба Украина ҳамла кард, ҳазорон маҳбусу муҳоҷири одиро бо шеваҳои мухталиф ба ин ҷанг ҷалб кардааст. Теъдоди аниқи маҳбусоне, ки ба ҷанг дар Украина ҷалб ва кушта шудаанд, маълум нест. Расонаҳо аз ҷалби ҳазорон маҳбус аз зиндонҳои Русия ба ҷанг хабар нашр карда буданд. Ба онҳо ваъда медиҳанд, ки пас аз ширкат дар ҷанг онҳоро озод мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Гурехтам, қапиданд." Муҳоҷири тоҷик дар Украина кушта шудМаҳбуси тоҷик дар беморхонаи низомӣ дар Украина кушта шудаастЯк зиндонии дигари тоҷик дар Украина кушта шудааст"Тоҷикон ҳам номнавис карданд." 23 ҳазор кас аз зиндонҳои Русия куҷо шуданд?