Ба хонаводаи варзишгари тоҷик, ки дар Амрико фавтид, 26 ҳазор доллар кумак карданд

Муҳаммадалӣ Саидов, варзишгари 29-солаи муҳорибаҳои омехта, рӯзи 18-уми март дар ИМА даргузашт.

Зодагони Тоҷикистон ба хонаводаи варзишгари дар Амрико фавтида 26 ҳазор долллари амрикоӣ кӯмак кардаанд.

Муҳаммадалӣ Саидов, варзишгари 29-солаи муҳорибаҳои омехта ё ММА бар асари “хунрезии мағзӣ” рӯзи 18-уми март даргузашта буд ва ӯро дар Амрико дафн карданд. Ҳанӯз таҳқиқи сабабҳои марги ӯ ба поён нарасидааст.

Далер Амрихудоев, яке аз дӯстони ӯ, рӯзи 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, барои кумак ба ҳамсар ва чор фарзанди ӯ, ки муқими Амрико ҳастанд, маъракаи ҷамъоварии маблағро роҳандозӣ карданд ва дар муддати як моҳ зодагони Тоҷикистон ба ин хонавода 26 ҳазор доллар кумак карданд.

Фирӯза Одилова, ҳамсари Муҳаммадалӣ Саидов аз тоҷикони муқими Амрико ташаккур кардааст, дар рӯзҳои сахт онҳоро танҳо нагузоштанд ва кумак карданд.

Ба гуфтаи дӯстонаш, Муҳаммадалӣ Саидов рӯзи 9-уми март ҳангоми тамрин аз ҳуш рафтааст. Ҳанӯз сабаби ба “хунрезии мағзӣ” гирифтор шуданаш маълум нест.