Мавзӯи фаъол шудани корхонаи нуриҳои “Азот” солҳои охир ҳамвора матраҳ буд. Мақомот кишоварзонро умедвор мекарданд, ки ба зудӣ нуриҳои арзони худиро дастрас хоҳанд кард.
Ғуломҷон Абдураҳимов, кишоварзи тоҷик аз ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, ба сабаби гаронии нархи нуриҳо дар чанд соли охир даромадаш кам шуд. Вай ба умед аст, ки пас аз фаъол шудани корхонаи “Азот” метавонад нурии маъдании арзонтар бигирад.
“Чӣ қадаре зиёд дору диҳем, ҳамон қадар ҳосил зиёд мешавад. Заминҳоро қувваташ ҳам нест, пору додан даркор, пору ҳам гарон. Ҳама чиз гарон,” – мегӯяд ӯ.
Ширкате бо соҳибони "махфӣ"
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки корхонаи “Азот”-ро 24-уми апрели имсол дигарбора фаъол карданд ва дар марҳилаи аввал ҳудуди 90 ҳазор тонна нуриҳои маъданӣ тавлид хоҳад шуд.
Дар гузориши мақомот аз фаъолияти “соҳибкорони ватандӯст” ситоиш шудааст, ки барои бозсозии корхона ҳудуди 400 миллион сомонӣ доданд. Аз касе ё ширкате ном нагирифтаанд.
Ҳамагӣ як сол пеш мақомот гуфтанд, ки корхонаро ба ихтиёри ширкати “Осиё Кемикал” доданд. Ширкате, ки моликонаш маълум нест, вале имтиёзҳои калонеро соҳиб шудааст, ки умдатан ба ширкатҳои вобаста ба пайвандон ё шахсони наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ва хонаводааш дода мешаванд. Махфӣ мондани номи соҳибаш онро ба IRS, CDH Investment Corporation, ҳатто "Сомон Эйр", монанд мекунад.
Абдуманнон Шералиев, коршиноси тоҷик, бар ин аст, ки дар сурати дар дасти ширкатҳои монополист мондани тавлиди нуриҳои маъданӣ дар кишвар мушкилоти деҳқонҳои тоҷик афзуда хоҳад шуд.
Ӯ гуфт: “Барои монополист фарқ надорад, ки сад тонна маҳсулот истеҳсол мекунад ё ҳазор тонна. Агар сад тонна истеҳсол кунад, 500-долларӣ мефурӯшад ва агар ҳазор тонна истеҳсол кунад, саддолларӣ. Ба ӯ фарқ надорад, ки деҳқон чӣ қадар ҳосил мегирад. Барояш танҳо даромад муҳим аст.”
Умаров: Технологияҳои нав намерасад
Ба гуфтаи иқтисоддонҳои тоҷик, дар маъданҳои фосфордори Тоҷикистон мизони фосфор андак аст ва барои тавлиди саноатии хокаи нурии маъданӣ кофӣ нест. Ба гуфтаи доктор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, барои тавлиди саноатии нурӣ бояд ба Тоҷикистон технологияи нав ворид карда шавад.
“Ҳозир Академияи улуми Тоҷикистон, хусусан Пажуҳишгоҳи химия бояд ба ҳалли ин масъала машғул шавад. Яъне, масъалаи аз маъданҳои аз фосфор камбағал истеҳсоли ё суперфосфат ё дар давраи аввал орди фосфорӣ,” – мегӯяд ӯ.
Дар қаламрави Тоҷикистон маъданҳои фосфордор дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон кашф шудааст. Кони аз ҳама бештар таҳқиқшудаи маъдани фосфордор дар кишвар дар кони Ривоти Панҷакент ҷойгир будааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Азот": Аз даст ба даст
Дар сӣ сол охир корхонаи нуриҳои “Азот”-ро, соли 1967 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон бо ҳадафи таъмини кишоварзони тоҷик бо нуриҳои минералӣ бунёд шудааст, чанд дафъа ба фурӯш гузоштанд.
Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 ин корхонаро, ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба сармоягузори украинӣ Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов, тааллуқ дошт, давлатӣ кард.
Созишномаи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхона миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Хэнан Чжун-Я гуруҳи холдингӣ"-и Чин соли 2016 баста шуд. Дар назар буд, ширкати чинӣ барои ин лоиҳа 360 миллион доллар ҷудо мекунад, вале созишнома иҷро нашуд.
Дар ниҳоят, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи сармоягузориро байни ҳукумат ва ширкати "Осиё Кемикал" барои барқарорсозӣ, таҷдид ва фаъол кардани корхонаи "Азот" қабул кард. Қарахон Чиллазода, мудири кулли ширкати саҳомии “Азот” дар он ҷаласа ваъда дода буд, ки қарзи маоши кормандон, ки даҳҳо миллион сомонӣ аст, пардохт мекунанд, вале то ҳол шарҳи вай дар ин бора дастрас нест.