Аз танқиди президенти Тоҷикистон дар мавриди суръати сусти интернет тақрибан чаҳор моҳ гузашт, аммо ба гуфтаи баъзе аз мутахассисону вакилони порлумон "вазъ тағйир накард". Шикояти мардуму корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ кам нашуд.
Посухи муовини Бег Сабур ба суоли вакилон
Шаҳзод Холиқов, донишҷӯйи тоҷик, мехоҳад, баъзе аз китобҳои заруриро аз интернет бигирад, аммо наметавонад. Ӯ рӯзи 24-уми апрел гуфт, “якуним ё ду моҳ боз суръати интернет, баръакс, суст шудааст. Аз хадамоти Тселл истифода мебарам, суръаташ суст аст. Наметавонам ягон чизро аз интернет зуд пайдо кунаму бигирам.”
Суръату сифати интернет ҳафтаи гузашта дар порлумони Тоҷикистон ҳам баҳс шуд. Баъзе аз вакилон аз Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, пурсиданд, ки баъд аз дастури президент чӣ кор карданд? Ӯ ҷавоб дод, ки дар се моҳи охир ситоде таъсис дода, “ворид намудани интернети баландсуръатро ба кишвар ба 100 гигабайт расонданд.”
Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “мутаассифона, имрӯз суръати интернете, ки дар Тоҷикистон аст, поин аст ва супоришҳои президентро иҷро карда натавонистанд.”
Вай таъкид намуд, ки масъулони соҳа барои беҳтар кардани суръати интернет бояд чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Имкон ҳаст, аммо
Баъзе аз пойгоҳҳои санҷиши суръати Интернет нишон медиҳанд, ки аксар ширкатҳои интернетрасон бо суръати паст ба муштариён интернет медиҳанд.
Фариштамоҳ Гулова, коршиноси фанновариҳои навин, 25-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор дошт, пас аз танқиди президент суръати интернет беҳтар мешавад. “Ҳоло мебинем, мутаассифона, суръати интернет хуб нашудааст. Ҳатто ба гурӯҳи техникии ширкатҳо занг мезанем, ягон ҷавоби хуб ҳам дода наметавонанд,” – гуфт Фариштамоҳ Гулова.
Ба қавли хонум Гулова, дар Тоҷикистон феълан аз нигоҳи техникӣ имкони беҳтар намудани суръати интернет вуҷуд дорад, вале чаро чунин кор сурат намегирад, барояш муаммост.
Як назарсанҷии хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми апрел дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар бораи сифату суръати интернет назарҳои гуногун доранд.
Яке аз мусоҳибони мо гуфт, “ягон беҳбудӣ нест. Баръакс, суръати интернет сусттар шудаасту баланд не. Бисёр мушкилӣ мекашем. Бисёр корҳоро наметавонем онлайн анҷом диҳем.” “Назар ба пешина беҳтар аст. Нархаш ҳам хуб аст, ба ҳар ҳол, мешавад,” – афзуд дигаре.
Дар ҳоле ки шикоятҳо аз кори ширкатҳои мухобиротиву мобилӣ тақрибан ҳар рӯз садо медиҳад, намояндагони ширкатҳо аз суҳбат дар ин мавзуъ худдорӣ мекунанд. Масъулони Хадамоти алоқа низ ба тамосҳои батакрори мо посух надоданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бозори интернет аз соли 2018 зери назари ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" аст. Пештар ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ҳақ доштанд, мустақилона аз хориҷа интернет бигиранд. Бо як тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа онҳо вазифадор шуданд, интернетро танҳо аз идораи давлатии "Тоҷиктелеком" бихаранд.
Соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ низ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия дод, ки барои рушди соҳа "Тоҷиктелеком"-ро аз тобеияти Хадамоти алоқа берун биорад. Чизе, ки то ҳол аз тарафи Тоҷикистон иҷро нашудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 4 миллион нафар аз интернет истифода мекунанд.