Вазорати энергетикаи Узбекистон бо ширкати "Газпромнефт" дар бораи харидории 300 ҳазор тонна нафт аз Русия дар соли 2023 қарордод имзо кардааст.
Дар ин бора хабаргузории "Газета.уз" бо такя ба гуфтаҳои сардори Раёсати Вазорати энергетикаи Узбекистон Адҳамҷон Убайдуллоев иттилоъ дод.
Қарордод 25-уми апрел дар ҳошияи намоишгоҳи серӯзаи "Иннопром. Центральная Азия" бо иштироки беш аз 300 ширкати Русия, Узбекистон ва кишварҳои дигар имзо шудааст.
Узбекистону Қазоқистон дар моҳи декабри соли гузашта дар бораи интиқоли 300 ҳазор тонна нафт аз Қазоқистон қазоқӣ ва транзити 300 ҳазор тонна нафти Русия тариқи Қазоқистон ба созиш расиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди таҷдиду бунёди анборҳои газ ва сохтмони як нерӯгоҳи гармидиҳӣ дар Қазоқистон барои интиқоли нерӯи барқ ба Узбекистон тавофуқ карданд.