Ҷияни Шамсиддин Саидов дастгир шудааст

Саидумар Саидов, ҷияни Шамсиддин Саидов, фаъоли ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дастгир кардаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон хабарро шарҳ надоданд.

Шамсиддин Саидов рӯзи 25-уми апрел гуфт, ин хешовандаш гуё барои суҳбати телефонӣ бо ӯ гумонзад аст. Дар ҳоле ки ба гуфтааш, "барои амнияти онҳо ҳеч иртибот надоштам."

Ба иттилои ӯ, Саидумар Саидов рӯзи 19-уми апрели имсол дастгир шуда, "ҳоло дар Боздоштгоҳи шаҳри Бохтар аст".

Мақомоти тафтишотӣ ба модараш хабар додаанд, ки нисбат ба вай бар асоси "моддаи 307" парванда кушодаанд. Тасдиқи он аз манобеи расмӣ то кунун имконпазир нашуд.

Наздиконаш гуфтанд, ду дафъа барои Саидумар Саидов ба боздоштгоҳ либосу хӯрок бурданд.

Ду моҳ пеш Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саидов, аз Олмон ронда ва дар Тоҷикистон боздошту ҳафт сол зиндонӣ шуд.