Акбарҷон Исмоилов, тоҷики зодаи Қазоқистон, муовини раиси Ассамблеяи халқҳои ин кишвар таъин шуд.
Анҷуманро президент Қосимҷомарт Тоқаев раҳбарӣ дорад.
Акбарҷон Исмоилов ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро ба ин мақом рӯзи 24-уми апрел таъин карданд.
Ӯ соли 1988 дар вилояти Улутави Қазоқистон ва дар оилаи рӯҳонии тоҷик, Яҳёхоҷа Исмоилов, зода шудааст.
Таҳсили миёнаро дар Қазоқистон гирифт ва соли 2016 Донишгоҳи Мадинаро хатм кард.
Ба соҳибкорӣ машғул аст ва се ширкати тиҷоратиро асос гузоштааст.
Аз соли 2017 то 2022 роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Остона буд. Аз моҳи сентябри соли 2022 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон дар Қазоқистон аст.
Навори суҳбат бо Акбарҷон Исмоилов аз бойгонии Озодӣ: