Додситонии кулли Тоҷикистон навори латтукӯби бераҳмонаи сарбозони тоҷикро шарҳ дод.
Субҳи 24-уми апрел навори задани сарбозон аз ҷониби сарбозони бузургсолтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он бо забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон пас аз чанд соати нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо хабар дод, ки панҷ сарбозро дар робита ба латукӯби сарбозон боздошт кардааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 15-уми декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 0215-и қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон рух додааст. Ин қисми ҳарбӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҷойгир аст.
Додситонии кул дар хабарнома гуфтааст, ки сержант Ҷонибек Қосимзода ҳамроҳ бо ҳамхидматонаш, Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов ва Ҳоҷиакбар Сайфуллоев бар хилофи қонуну қоидаҳо дар артиш рафтор кардаанд. "Онҳо бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров Меҳмонҷон Субҳонқулович, қаториҳо Чориев Бекзод Тоирович, Каримзода Замир Рустам, Амиров Некруз Файзуллоевич ва Мусоев Алишер Тошбоевичро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, дарди ҷисмонӣ ба саломатиашон расониданд,"--гуфта шудааст, дар хабарномаи Додситонӣ.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додситонии кул шоми 24-уми апрел эълон кард, ки нисбат ба сарбозони гумонбар бо моддаи 373, яъне “вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ҳодисаро додситони низомии Суғд таҳқиқ дорад.
Ҳанӯз назари сарбозоне, ки дар ин навор дида мешаванд, дастрас нашудааст.
Ин навори видеоӣ дар авҷи мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва хашму ғазаби бисёр тамошобинонро барангехт.
Навор саҳнаи дилрешкунанда дорад:
Дар он саҳнаи саф кашидани чанд сарбоз ва мавриди бадрафторӣ бо онҳо сабт шуда буд.
Аксар шореҳон саҳнаҳои дилрешкунандаву бераҳмонаи тарзи бархӯрд бо ҷавонсарбозонро ба шиддат маҳкум карда, ба ҷавобгарӣ кашида шудани омилони ин бераҳмиро талаб карданд.
Бархе ҳам мухолифи паҳн кардани наворҳои "беобрӯкунандаи артиш" шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Навори латукӯби сарбозони тоҷик хашми корбаронро барангехт. ВИДЕО