ЮНИСЕФ гуфт, боварӣ ба ваксина барои кӯдакон кам шудааст

Дар навбати гирифтани ваксин дар Босния

Бино бар як гузориши нави ЮНИСЕФ ё бунёди кӯдакони СММ баъди пандемияи коронавирус боварии сокинони 52 кишвар ба фоидаовар будани ваксинаҳо барои кӯдакон кам шуда, дар 3 соли ахир 67 миллион кӯдак як ё якчанд ваксина нагирифтаанд.

Дар гузориши “вазъи кӯдакони ҷаҳон дар соли 2023", ки рӯзи 20-юми апрел нашр шудааст, гуфта мешавад, ки пандемия, талаботи зиёд ба хадамоти тиббӣ, камбуди духтурон, кам шудани боварӣ ба ваксинаву омилҳои дигар сабаб шуд, ки кӯдакони зиёде дар ҷаҳон натавонистанд сари вақт зидди бемориҳои мухталиф ваксина бигиранд.

Сатҳи фарогирии кӯдакон ба ваксина дар 112 кишвар кам шудааст ва ин ба таъкиди муттахассисон хатари бемор шудани онҳоро бештар кардааст.

Бино ба омори ЮНИСЕФ соли 2022 шумори кудаконе, ки гирифтори бемории сурхакон шудаанд, ду баробар зиёд шуда, теъдоди онҳое ҳам, ки ба бемории фалаҷ гирифтор шудаанд, 16 дар сад афзудааст.

ЮНИСЕФ, барномаи кӯдакони СММ аз кишварҳо даъват кардааст, ки ӯҳдадориҳои худро иҷро ва маблағгузориро барои ваксинкунонии кӯдакон ду баробар бештар кунанд. Ин созмон ҳушдор додааст, ки ҳукуматҳо бояд барои наҷоти кӯдакон аз бемориҳои марговар фавран чораандешӣ кунанд.