Супурдани имтиҳон аз забону таърихи Украина ҳатмӣ шуд

Владимир Зеленский

Президент Владимир Зеленский супурдани имтиҳонро аз забон, таърих ва Конститутсияи Украина барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар ҳатмӣ кард. Дар ин бора сомонаи Верховная Рада, порлумони Украина, хабар дод.

Бар асоси санад, хоҳишмандони шаҳрвандии Украина бояд натиҷаи имтиҳонҳоро ба мақомот пешниҳод кунанд.

Хориҷиҳо ё афроди бешаҳрванд, ки ба Украина хидматҳои шоиста кардаанд ё қарордодӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина буданд, аз лаҳзаи гирифтани шаҳрвандӣ дар муддати ду сол бояд имтиҳонҳоро супоранд.

Ҳамин қоида ба хориҷиёне, ки дар Украина иҷозаи иқомат (ВНЖ) доранд, низ дахл дорад.

Агар онҳо дар муҳлати таъиншуда имтиҳонҳоро насупоранд ва натиҷаашро пешниҳод накунанд, аз шаҳрвандии Украина маҳрум хоҳанд монд.

Қонунро дар бораи супоридани имтиҳонҳои ҳатмӣ аз забон, таърих ва Конститутсияи Украина Верховная Рада 21-уми марти соли 2023 қабул кардааст.