Як қисми роҳи байнулмилалии Душанбе-Бадахшон, ки Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад, дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) хароб шудааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, рӯзи 14-уми апрел кӯҳпора лағжид ва роҳро вайрон кард. Ҳоло роҳи алтернативӣ боз кардаанд, ки аз кӯҳ дуртар аст.
Карим Сафаров, мудири идораи роҳҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, мегӯяд, “ҳангоми бориши зиёди борон ҳодиса эҳтимол такрор шавад. Ба сабаби онки як кӯҳ аз кӯҳи дигар ҷудо шудааст.”
Роҳсозон мунтазири хулосаи мутахассисони донишкадаи лоиҳакашӣ ҳастанд.
Ин масири байнулмилалӣ, ки ба номи шоҳроҳи Душанбе-Қулма маъруф аст, Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад ва миқдори қобили мулоҳизаи молу маҳсулот тавассути ин роҳ интиқол меёбад.
Ҳарчанд раванди сохтмони роҳ дар аввали солҳои 2000-ум оғоз шуд, пурра сохта нашудааст. Азбаски қисми зиёди роҳ аз доманакӯҳҳо ва соҳилҳои дарё мегузарад, ба офатҳои табиӣ осебпазир мемонад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад