Анита Ананд, вазири дифои Канада, бастаи нави ёриҳои низомиро ба Украина эълон кард.
Ӯ рӯзи 21-уми апрел дар пойгоҳи Рамштейн дар Олмон гуфт, бастаи нав 39 миллион доллари Канада (муодили 28,8 миллион доллари амрикоӣ) арзиш дорад.
Ананд афзуд, ёриҳо аз 3,3 миллион литр сӯзишворӣ, лавозимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти нави радиоӣ барои тонкҳои "Леопард 2" иборат аст.