Як мактаби мусиқиро ба номи Дамирбек Олимов гузоштанд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Як мактаби мусиқии кӯдаконро дар ноҳияи Деваштич ба номи Дамирбек Олимов гузоштанд. Ин овозхони ҷавон соле пеш дар садамае дар наздикии шаҳри Хуҷанд даргузашт.

Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич, дар маросими номгузорӣ рӯзи 14-уми апрел гуфт, “бовар дорам, аз ин мактаб ҳунармандони дигаре ба мисли Дамирбек Олимов ба камол расида, баҳри инкишофи фарҳанги кишвар хидмат хоҳанд кард.”

Чанде аз хонандагони мактаби мусиқӣ азм доранд, таронаҳои Дамирбек Олимовро бозхонӣ кунанд.

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, гуфт, “ҷавонмард ҷавонмарг шуд. Сад афсӯс. Исо пайғамбар, Кароматуллоҳ, Аҳмад Зоҳир ва Дамирбек Олимов дар 33-солагӣ вафот карданд. Ҳаминҳо ҳарчанд дар 33-солагӣ фавтида бошанд ҳам, кори садсоларо кардаанд. Номашонро ҷовидона монданд.”

Дамирбек Олимов аз сарояндаҳои маъруфи попи тоҷик, 20-уми марти соли 1989 дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд таваллуд шуда, дар оилаи овозхон Ботурҷон Олимов ба воя расидааст.

Соли 2004 ба Коллеҷи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Корро дар ансамбли «Нури Хуҷанд» оғоз кард ва солҳои зиёд узви “Садои Суғд” ҳам буд.

Дамирбек Олимов соли 2011 аввал бо таронаи "Зулфони майда" муаррифӣ гардид. Дертар бо таронаи "Дунё" машҳур шуд.

Дамирбек Олимов аз худ се фарзанду чандин суруд гузошт. Таронаи охиринаш "Бачагиям" буд.

Ду албоми таронаҳояшро ба номи “Масти тарона” ва “Дунё” ба ҳаводорон пешкаш кард ва албоми сеюмро бояд баҳори гузашта муаррифӣ менамуд, вале фурсат наёфт.