Иди Рамазон ва баҳси дасторхон дар Тоҷикистон

Иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми апрел бо хондани намозу идгардаки кӯдакон оғоз шуд. Дар баъзе аз масҷидҳо имомхатибон аз бесуботӣ дар гӯшаҳои ҷаҳон ва мадад ба дармондагон гуфтанд.

Матбуоти давлатии Тоҷикистон дар талоше барои хоксорона оростани дасторхони идона ба тарғибу ташвиқи мардум ба сарфаҷӯӣ пардохтаанд. Коре, ки ба гуфтаи мунтақидони давлат, мақомоти расмӣ ва аз ҷумла вазирони тоҷик баръаксашро мекунанд.

Хабаргузории “Ховар” ва расонаҳои дигари расмӣ бо такя ба гуфтаҳои мақомот навиштаанд, ҳанӯз ҳам баъзе аз мардум ҳангоми оростани дасторхони иду ҷашнҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, ки ин амали онҳо ҳам аз нигоҳи динӣ ва ҳам аз дунявӣ дуруст нест.

Дар ин рӯз мақомот дигарбора ба Қонуни баҳсбарангези танзими расму ойин таъкид кардаанд, ки харҷи зиёд дар ҷашну идҳоро манъ кардааст.

Дар як ҷаласае дар Телевизиони давлатии Хатлон мақомот гуфтаанд, ки дар баъзе аз оилаҳо одитарин шароити таълим барои фарзандон-мизу курсӣ, ҷевони китоб ва таҷҳизоту ашёи хониш фароҳам нашудааст, аммо волидон ба ҷойи он ба оростани дасторхони пурдабдаба ва худнамоӣ машғул мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистонро барои ингуна дахолат ба зиндагии мардум танқид мекунанд ва ҳам ҷашнҳои пурдабдадаи давлатӣ ва ҳам ҷашнҳои арӯсии фарзандони мансабдорони баландпояро мисол меоранд, ки бо харҷи садҳову ҳазорҳо доллар дар як рӯз сурат мегирад.