Тоҷикистон ҳавопаймои президенти Мексикаро харидааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳукумати Мексика эълон кард, ки ҳавопаймои раиси ҷумҳури ин кишварро ба ҳукумати Тоҷикистон фурӯхтаанд. Лопез Обрадор, раиси ҷумҳури Мексика, рӯзи 20-уми апрел дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод, ки ҳавопайморо ба арзиши 92 миллион доллар фурӯхтанд, ҳарчанд қимати аслиаш 218 миллион доллар аст.