Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои 92-миллиондолларӣ ба Душанбе расидааст


Boeing 787 Dreamliner
Boeing 787 Dreamliner

Ҳавопаймои “Boeing 787-8 Dreamliner”, ки Тоҷикистон ба 92 миллион доллар аз Мексика харид ва боис ба вокунишҳои зиёд дар дохилу хориҷ шуд, субҳи 15-уми май ба Душанбе расид.

Боб Ален, як масъули ширкати Nomadic Aviation Group аз шаҳри Сан- Бернардинои Калифорнияи Амрико, бо нашри акс аз дохили ҳавопаймо аз оғози парвоз ба Тоҷикистон хабар дод.

Торнамои Flight Radar нишон медиҳад, ки ҳавопаймо бо рамзи EY-001 аз Сан-Бернардино парвозро оғоз карда, соати 7:36-и субҳи 15-уми май дар Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе нишаст.

Ҳавопайморо, ки пештар рамз ва нишони Мексика дошт, дар Сан- Бернардинои аёлати Аризонаи Амрико рангубор карданд.

Масъулияти рангубор ва нашри ному нишони Тоҷикистонро дар тани ҳавопаймо ширкати Nomadic Aviation Group бар уҳда доштааст. Ин ширкат ба санҷиш, рангубор ва иҷораи ҳавопаймоҳо машғул аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи хариди ҳавопаймо ҳеч маълумот надодааст.

Аз рангубор ва нашри нишони давлатии Тоҷикистон дар ҳавопаймои “Boeing 787-8 Dreamliner” маълум аст, ки ҳавопайморо хос барои сафарҳои президент Эмомалӣ Раҳмон харидаанд.

Танҳо ороиши ҳавопаймои раиси ҷумҳур метавонад дар худ номи кишвар ва нишони давлатиро дошта бошад. Ӯ то ин дам тавассути ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба сафарҳои хориҷӣ мерафт.

Ҳукумати Мексика рӯзи 21-уми апрел эълон кард, ки ҳавопаймои раиси ҷумҳури ин кишварро ба ҳукумати Тоҷикистон фурӯхтааст. Ин навъи ҳавопаймоҳо асосан барои раҳбарони давлатҳо аст ва ё сарватмандоне, ки ҳавопаймои хусусӣ мехаранд. Онро ҳукумати Мексика соли 2012 гирифта буд.

Лопез Обрадор, раиси ҷумҳури Мексика, дар Твиттер хабар дод, ки ҳавопаймои "Boeing 787 Dreamliner"-ро ба арзиши 92 миллион доллар фурӯхтанд, ҳарчанд арзиши аслиаш 218 миллион доллар аст.

Ин хабар боис ба вокунишҳои зиёд дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон шуд, дар ҳоле ки раиси ҷумҳури Мексика гуфт, бо пули ҳавопаймо дар аёлатҳои фақири Герреро ва Оаксака бемористон хоҳанд сохт.

Ҳавопаймои раиси ҷумҳури Мексика аз соли 2020 дар ангар, маҳалли нигаҳдории ҳавопаймоҳо, "мехобид" ва дар ин муддат фурӯхтанаш чандон осон набуд.

Дар соли 2019 кӯшиш карда буданд, онро ба 130 миллион доллар бидиҳанд, аммо харидор наёфт. Ҳукуматдорони Мексика мехостанд, ҳавопаймои президентро ҳатто дар лотерея гузоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG