Фавти 2 наврас аз "консерва" дар Панҷакент

Ду кӯдаки 9 ва 12-сола дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент баъди хӯрдани "консерва" заҳролуд шуда, ҷон бохтаанд. Онҳо узви як оила буда, дигар аъзои хонавода, модари 52-сола бо як кӯдаки 13-солааш дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарианд.

Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 20-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 18-уми апрел рух дода, 4 узви як оила баъди хӯрдани "консерва"-и бодиринг, ки бо сирко омода шуда буд, дар зодрӯзе яке аз кӯдакон заҳролуд шудаанд.

Заҳролуд шудани сокинон аз хӯрок дар Тоҷикистон борҳо иттифоқ уфтодааст. Дар охири соли гузашта як хонавода дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баъд аз истеъмоли меваю сабзавоти консервашуда заҳролуд шуданд. Дар он ҳодиса ду нафар ҷон бохтанд.