Додгоҳи Ашт як сокини ин ноҳияро барои тамаъҷӯӣ ва таҳдиди беобрӯ кардани як зан ба 16 сол зиндон маҳкум кардааст.
Номи марди гунаҳкор ва зани ҷабрдидаро ба сабабҳои ахлоқӣ пинҳон медоранд.
Масъулони додгоҳ дар охири ҳафтаи гузашта гуфтанд, “марде, ки бо зан ҳамхоба шудааст, чанд акси урёни ӯро гирифта, чанд рӯз баъд таҳдид кардааст, ки агар дигарбора ҳамхоба нашавад, аксҳояшро ё ба шавҳараш мефиристад ё дар Интернет мегузорад.”
Ҳамингуна, ба гуфтаи додгоҳ, ин мард як дафъа аз зан 500 сомонӣ гирифта ва боз хоҳони ҳамбистарӣ шудааст.
Баъд аз муроҷиати зани ночор ба мақомоти милиса марди, ба гуфтаи додгоҳ, тамаъҷӯ боздошт шуд.
Моҷаро дар моҳи августи соли гузашта рух дод ва мардро моҳи феврали имсол 16 сол аз озодӣ маҳрум карданд.
Назари маҳкумшуда ба иттиҳомот ва ҳукм маълум нест.
Дар Тоҷикистон мавридҳои таҳдид ба занон аз роҳи нашри аксҳои маҳрамона ва тамаъҷӯӣ аз онҳо солҳои охир зиёд шудааст.