Созмони Милали Муттаҳид омодааст, ки моҳи оянда тарҳҳояшро дар Афғонистон қатъ ва кормандони хориҷиашро аз он кишвар берун барад, дар сурате, ки агар натавонанд Толибонро ба иҷозаи фаъолияти занон дар ин созмон мутақоид созад.
Дар ин бора Аким Стайнер, роҳбарои Барномаҳои рушди СММ дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.
Ибтидои моҳи ҷорӣ хабар расид, Толибон донишҷӯдухтарони афғонистониро аз ҳамкорӣ бо маъмурияти СММ манъ кардаанд. Рӯзи 5 апрел СММ хабар дод, ки Толибон расман талаб кардаанд, занони афғонистонӣ дар ҳайати маъмурияти СММ дар ҳудуди Афғонистон кор накунанд.
Аким Стайнер гуфт, айни замон намояндагони СММ бо Толибон ба умеди дарёфти иҷозаи фаъолияти занон дар маъмуриятҳои башардӯстонаи СММ гуфтугӯ доранд.
Толибон баъди сари қудрат омадан дар моҳи августи соли 2021 қадам ба қадам ҳуқуқҳои занони афғонистониро маҳдуд карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки пештар ваъда дода буданд, ҳуқуқи занонро ҳифз хоҳанд кард.
Толибон вазорати кор бо занонро барҳам доданд, дастрасӣ ба мактаб ва донишгоҳҳоро барои духтарон маҳдуд карданд, занонро аз машғул шудан ба варзиш манъ намуданд ва дастур доданд, ки занони наттоқи телевизионҳо бояд ҳиҷоб пӯшанд.