Дар натиҷаи як сӯхтор дар вилояти Томски Русия се шаҳрванди Узбекистон ба ҳалокат расидааст.
Расонаи маҳалии "VTomske" иттилоъ додааст, ки сӯхтор шаби 15 апрел дар як манзили зист дар шаҳри Асино сурат гирифт ва кормандони наҷот баъди рафтан ба маҳалли ҳодиса ҷасади се марди 21, 34 ва 50-солара пайдо кардаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Узбекистон ҳастанд.
Дар робита ба ин ҳодиса як шаҳрванди 43-солаи Узбекистон, ки қурбониён дар хонаи ӯ иҷоранишин буданд, дастгир шудааст. Соҳибхона ба он айбдор мешавад, ки риояи қоидаҳои зиддисӯхторро дар хонааш таъмин накардааст. Зидди ин мард бо банди "Нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст", парванда боз гаштааст.
Солона садҳо нафар аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия дар ҳодисаҳои мухталиф ҷони худро аз даст медиҳанд.