Ҳайатҳои Тоҷикистону Узбекистон аломатгузории марзро баррасӣ карданд

Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин гуфтугӯҳо аз 10 то 16 апрел доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар гуфтушунидҳо "масъалаҳои гузариши хати лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ гардида, аз натиҷаи вохӯрӣ санадҳои дахлдор ба имзо расид".

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки пас аз анҷоми гуфтугӯҳо протокол имзо шуд. Вохӯрии навбатии корӣ дар Узбекистон баргузор мешавад. Замони дақиқи ин вохӯрӣ эълон нашудааст.

Тоҷикистон ва Узбекистон 1300 километр марзи муштарак доранд, ки ҳудуди 90 дарсади он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Миёни Тоҷикистону Узбекистон 16 гузаргоҳи марзӣ амал мекунанд.