Рашид Аёмбеков, бародари Толиб Аёмбеков, фармондеҳи собиқ дар вилояти Бадахшон, боздошт шудааст.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Рашид Аёмбековро кормандони милиса рӯзи 14-уми апрел дар ноҳияи Дарвоз ҳангоми берун шудан аз ҳудуди вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон боздошт кардаанд.
Ҳанӯз мақомот сабаби боздошти ӯро шарҳ надодаанд. Худи Толиб Аёмбековро бо писарону дигар наздиконаш бо иттиҳоми даст доштан дар “ҷиноятҳои махсусан вазнин” тобистони соли гузашта боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карда буданд.
Як тан аз наздикони Рашид Аёмбеков рӯзи 18-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ нигаҳдорӣ мешавад.
“Аз се бародари ӯ фақат ҳамин, бародари дуюмаш, дар озодӣ буд. Дар маҷмӯъ аз ин оила 9 нафар дар зиндон ҳастанд,”—гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Наздиконаш мегӯянд, Рашид Аёмбеков ҳеч гуноҳе надошт ва то соле пеш як ронандаи одӣ дар Беморхонаи ёрии таъҷилӣ буд.
Пас аз саркуби эътирози сокинон дар Хоруғ ва Рӯшон мақомот даҳҳҳо фаъолу чеҳраҳои шинохтаро дар ВМКБ боздошт карданд. Мақомот онҳоро “узви гурӯҳи ҷиноӣ” меноманд, вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон эътирози сокинонро осоишта ва боздоштҳоро саркуби фаъолон номиданд.
Толиб Аёмбеков, ки полковники бознишастаи Идораи марзбонии Тоҷикистон буд, аз ҷумлаи боздоштшудаҳои тобистони соли гузашта дар Бадахшон буд.
Баъдан ӯ ва писараш, Ғуломалӣ Абдураҳмоновро ба ҳукми абад маҳкум карданд. Ду писари дигараш, Ҳасаналӣ Абдураҳмонов 20 сол, Маҳмадалӣ Айёмбеков 29 сол ва бародаронаш Оқилу Аноятшо Айёмбековҳо барои 30 сол маҳкум ба зиндон шуда буданд. Бародарзодааш Мамадамон Айёмбеков 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Толиб Айёмбеков рӯзи 11-уми июни соли 2022 дар Хоруғ дастгир шуд. Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои вазнине мисли куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва барангехтани кинаву адоват айбдор карданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта гуфт, дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон 77 нафарро ҷазо доданду муҳокимаи даҳҳо каси дигар идома дорад. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, онҳо гуноҳе накардаанд ва ҳамагуна иттиҳомот беасос аст. Созмонҳои ҳоми ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки таъқиби фаъолони бадахшонӣ ва наздикони онҳоро бас кунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Писари дувуми Толиб Айёмбеков ба 12 сол зиндон маҳкум шудаастДодгоҳ се сокини Хоруғро ба ҳукми абад маҳкум кардҶузъиёти тирпарронӣ, ҳалокати 2 нафар ва эътирозҳо дар Хоруғ (ВИДЕО)Ҳашт сол пас аз амалиёти вижа дар Хоруғ. Чӣ дар ин муддат тағйир кард?Толиб Айёмбеков: “Ман тиҷорати орду бензин дорам” САДОРаҳоии бародарзодаи Айёмбеков пас аз боздошт. САДОАйёмбеков: "Чӣ қадаре гуфтанд, ҳамаашро супоридем". ВИДЕО