"Хоб будем. Соҳиби хона дари моро зад, ки бино месӯзад, ба берун бароед. Ҳоло маҷбур ҳастем, ба хонаи ягон шинос равем." Дилҷон Азизӣ, муҳоҷири афғонистонӣ, мегӯяд, дар сӯхтори бинои шашошёнаи истиқоматӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат манзили иҷораашон осеб дид ва шабро дар кӯча гузаронданд. Аз он нигарон аст, ки ёфтани макони дигаре ба ин зудӣ ба онҳо даст нахоҳад дод.
Хабари сӯхтор Раҳматулло Шарофовро аз ноҳияи дурдасти Нуробод ба шаҳри Ваҳдат овард. Мегӯяд, манзили холааш дар ин ҳодиса пурра ба коми оташ рафт. "Холаам, соҳиби хона, дар Русия аст. Хонаро ба иҷора додааст. Ба мо аз Русия занг зад, ки сӯхтор шуд. Омадем. Бинед, ҳама чиз сӯхтааст," – нақл кард ӯ рӯзи 17-уми апрел.
Сӯхтор шаби 15 ба 16-уми апрел рӯй дод. Дар он ҳодиса хонаҳои ошёнаи шашуми бино пурра сӯхта, манзилҳои ошёнаи панҷум ба далели дуду пошидани об зарар дидааст. Мақомоти шаҳри Ваҳдат гуфтанд, хулосаи ниҳоии мутахассисон эълон нашудааст, аммо ба арзёбии ибтидоӣ "таҷҳизоти барқӣ сабаби сӯхтор шуда".
Шокирҷон Икромзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, оташ 450 метри мураббаъро фаро гирифт. "Гурӯҳи кории Хадамоти оташнишонӣ маводу ашёро барои санҷиш ба озмоишгоҳ бурданд. Мунтазири натиҷа ҳастем," – афзуд ӯ.
Баъзе аз сокинон дар ошёнаи панҷум худро ҷабрдида медонанд. Ҳангоми хомӯш кардани алангаи оташ ба манзили онҳо об даромадааст ва "илоҷи зистан нест".
Сокинон аз он ташвиш доранд, ки то ҳол мақомот дар бораи тақдири хонаҳо шарҳе надоданд. Масъулони ҳукумати Ваҳдат мегӯянд, бо маълум кардани зиён, масъалаи таъмири манзилҳоро дар миён хоҳанд гузошт.
Ба қавли Шокирҷон Икромзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, "феълан гурӯҳи корӣ масъалаи муайян намудани зарарро баррасӣ доранд". Ӯ афзуд, ба ҷабрдидаҳое, ки манзили худро суғурта ё бима кардаанд, мадад мекунанд, вале то ҳол касе санад пешниҳод накардааст.
Солҳои охир аз таркиши зарфи газ ё ба ҳам расидани сими барқ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва ҳалокату осеб дидани сокинон гузориш шудааст.
Мақомот дар гузашта чунин ҳодисаҳоро "ба риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ" рабт додаанд. Сокинон ҳамвора аз нагирифтани ёрии кофӣ аз намояндагони давлат ва ширкатҳои бима шикоят доранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад