Талаби $600 барои таҳияи билети ҳарбии сохта

Сардори шуъбаи умури дифои яке аз ноҳияҳои шаҳри Тошканди Узбекистон ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 600 доллар бар ивази билети ҳарбии сохта дастгир шудааст.

Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон 17-уми апрел иттилоъ дод, ки гумонбарро маъмурони ин ниҳод дар натиҷаи як амалиёти муштарак бо кормандони Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии он кишвар дастгир карданд.

Боздоштшуда ба яке аз сокинони маҳаллӣ ваъда додааст, ки бар ивази 600 доллар ба ӯ билети ҳарбӣ хоҳад дод. Ӯро ҳангоми гирифтани ин маблағ дар дохили мошини хидматияш боздошт карданд.

Мудири Маркази мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Сирдарёи Узбекистон ҳам бо гумони гирифтани ришва дастгир шудааст.

Ӯ аз раиси як маркази таълимӣ бар ивази назорат накардани ҳузури донишҷӯён дар дарс 300 доллар талаб кардааст. Кормандони интизомӣ вайро ҳангоми гирифтани 1,4 миллион сӯм (120 доллар) боздошт карданд.