Манъи эътирозҳо: Вакил мехоҳад, ба Додгоҳи олӣ шикоят кунад

Гирдиҳамоӣ дар Бишкек, моҳи октябри 2022

Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 14 апрел дархости вакили мудофеъ Бактибек Жумашевро дар бораи бекор кардани қарори додгоҳи ноҳияи Якуми май рад кард. Додгоҳи ноҳияи Якуми май ташкили гирдиҳамоиҳоро дар баъзе аз минтақаҳои Бишкек, пойтахти Қирғизистон, манъ кардааст.

Жумашев гуфт, ният дорад, ки ба Додгоҳи олӣ шикоят барад.

Рӯзи 31-уми март додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек бори дигар тамдиди манъи баргузории гирдиҳамоиҳоро дар ноҳияи Якуми май қонунӣ донист.

То 30-юми июн ташкили гирдиҳамоиҳо дар майдони "Ала-Тоо", назди бинои порлумон, дастгоҳи президент, Кумитаи амният, Додгоҳи олӣ, сафорати Русия дар Қирғизистон, боғи ба номи Панфилов ва дар ҳудуди хиёбони Эркиндик манъ шуд.

Аз замони манъи гирдиҳамоиҳо дар ин минтақаҳо як сол мегузарад. Додгоҳ чанд дафъа аст, ки муҳлати манъи гирдиҳамоиҳоро дароз мекунад.

Чанде аз ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони шаҳрвандӣ борҳо гуфтанд, ки қарори додгоҳ ғайриқонунӣ аст. Атир Абдраҳматов, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон гуфта буд, ин қарор хилофи Конститутсия аст.