Ҳукми 10 кас дар Эрон дар робита ба фоҷиаи ҳавопаймои Украина

Даҳ низомии Эронро дар робита ба афтодани ҳавопаймои мусофирбари Украина дар моҳи январи соли 2020 ба солҳои гуногун зиндонӣ кардаанд.

Ҳавопаймои "Украинских авиалиний" аз Теҳрон ба Киев парвоз мекард. Дар дохилаш 176 нафар буд, ҳамаи онҳо ҷон бохтанд.

Ба иттилои расонаҳои хабарии Эрон, фармондеҳи бахш 10 сол, зердастонаш аз 1 то 3 сол зиндонӣ шуданд. Додгоҳ гуфтааст, фармондеҳ вазъро нодуруст баҳо дода, бо такя ба хулосаҳои иштибоҳӣ, ки гумон кард, ҳавопаймо ҳадафи ҳавоии душман аст, дастури суқут додани онро дод.

Мақомоти Эрон соли 2020 нисбатан масъулияти суқут додани ҳавопайморо зудтар эътироф карданд. Он замон гуфтанд, ки Низоми зиддимушакӣ иштибоҳ кардааст.

Аксари кушташудаҳои ҳавопаймо шаҳрвандони Эрон ва Канада буданд. Шаҳрвандони Украина 11 тан буданд. Мақомоти Эрон ба хешовадони ҳар кадом кушташуда 150-ҳазордолларӣ ҷуброн пешниҳод карданд. Бо ин ҷубронпулӣ на ҳамаи хешовандони кушташудаҳо розӣ шуданд.

Чанд рӯз пеш аз ҳодиса дар натиҷаи амалиёти Амрико дар фурудгоҳи шаҳри Бағдод генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ кушта шуд ва нерӯҳои эронӣ дар посух пойгоҳҳои амрикоиро дар Ироқ ҳадаф қарор доданд.