Нашри руйхати ронандаҳои "қоидашикан" дар Хоруғ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон акс ва исми 15 ронандаеро нашр кард, ки дар шаҳри Хоруғ, ба қавли мақомот, қоидаи роҳро вайрон карда, ба ҳаракати нақлиёт аз ҷумла, мошинҳои боркаше, ки роҳи байналмилаллии Душанбе -Хоруғ-Қулмаро убур мекунанд, мушкил эҷод кардаанд.

Ба гуфтаи мақомот ронандаҳо аксарият сокинони шаҳри Хоруғ буда, барои таваққуфи нодурусти мошин ва риоя накардани аломатҳои роҳ ба дурбини “Шаҳри бехатар” ва феҳрасти ронандаҳои “қоидашикан” афтидаанд.

Вазорати корҳои дохила бо нашри хабарномае, рӯзи 15-уми апрел гуфт, дар пайи гузаронидани як амалиёт бо истифода аз дурбинҳои Шаҳри бехатар, нозирони роҳ дар Бадахшон "мавридҳои зиёди қоидашикании ронандагонро ошкор кардаанд".

Назари ронандагоне, ки ба вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ муттаҳам шудаанд, маълум нест. Мақомот гуфтанд, нисбати онҳо санадҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб додаанд.

Аз фаъол шудани камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар”- дар Хоруғ, пулиси вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон моҳе пеш хабар дода буд. Мақомот гуфтанд, камераҳои назоратӣ “ҷиҳати таъмини тартиботу оромӣ, муайян ва бартарафсозии қоидавайронкуниву ҷинояткорӣ ба таври шабонарузӣ” фаъол ҳастанд.

Тарҳи “Шаҳри бехатар” бори аввал дар Тоҷикистон соли 2013 дар шаҳри Душанбе фаъол шуда буд. Камераҳои назоратиро ширкати Huawei -и Чин бар асоси созишнома бо ВКД-и Тоҷикистон дар Душанбе насб карда буд.