Владимир Зеленский, бо имзои як фармон зидди садҳо шаҳрванди Русия, Украина ва Белорусия таҳрим ҷорӣ кард. Санади мазкур дар сайти президенти Украина нашр шудааст.
Ба феҳрасти аввали афроди таҳримшуда исми 87 нафар аз ҷумла, варзишгарону ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мисли Светлана Хоркина, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ оид ба гимнастикаи варзишӣ, Игор Акинфеев, собиқ дарвозабони тими миллии футболи Русия ва ҳоккейбоз Александр Кожевников шомил шудаанд.
Ҳамчунин бар зидди духтари вазири мудофиаи Русия, президенти Федератсияи триатлон, Ксения Шойгу ҳам дар Украина маҳдудият ҷорӣ кардаанд.
Бастаи дуввуми таҳримҳои Украина 351 шахси воқеӣ ва 254 шахси ҳуқуқиро фаро мегирад. Дар баробари чандин ширкати технологӣ ва рақамии Русия, Зеленский ҳамчунин зидди ширкати русии VK ва "Яндекс" ҳам маҳдудият ҷорӣ кард.
Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА алайҳи садҳо шаҳрванди Русия ба вижа мансабдорону наздикони онҳо, ки аз таҷовузи Маскав ба Киев пуштибонӣ мекунанд, таҳрим ҷорӣ кардааст.