Дилрабо Самадова: Аввал санади хатми донишгоҳ, баъд хидмати ҳарбӣ. ВИДЕО

Дилрабо Cамадова

Дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба артиш идома дорад. Бархе аз донишҷӯёни соли охири донишгоҳҳо мегӯянд, аз онҳо хостаанд, пеш аз муҳлат донишгоҳро хатм карда, ба артиш раванд. Ба баъзе аз онҳо ваъда додаанд, ки дар сурати пайвастан ба артиш барояшон дар имтиҳонҳои хатм кӯмак мекунанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои рӯшанӣ андохтан ба мавзуъ бо Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” муроҷиат кард, ки солҳост ба ҳимояи ҳуқуқи сарбозон ва даъватшавандаҳо машғул аст. Нахуст аз ҳомии ҳуқуқ пурсидем, ки қонунгузории кишвар барои сафарбар кардани донишҷӯён ба артиш чӣ тартиберо пешбинӣ кардааст?

Дилрабо Самадова: Мо ҳам дар ин масъала бисёр муроҷиатҳо мегирем. Аз ҷумла, соли гузашта аз шаҳри Хуҷанд чанд муроҷиат гирифта будем. Бо мақсади он, ки нақшаи баҳориро аз ҳисоби донишҷӯён пур кунанд, ба донишҷӯён чунин шароит фароҳам оварданд ва Вазорати маориф ҳам ин пешниҳодро карда буд, ки донишҷӯён пешакӣ имтиҳонҳои хатмро супорида, ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Дар инҷо аз як чиз бояд эҳтиёт шуд. Бояд фармони хориҷ шудан аз донишгоҳ, яъне хатми донишгоҳ ва аллакай аз рӯйхати донишҷӯён баровардани донишҷӯ қабул шавад ва донишҷӯ бояд ҳамчун хатмкунанда ба хидмати ҳарбӣ равад. Вагарна уҳдадор мешавад, ки ду сол хидмат кунад. Мувофиқи қонунгузорӣ шаҳрвандон наметавонанд дар вақти хидмати ҳарбӣ, вақте аллакай ба рӯйхати қисмҳои ҳарбӣ дохил шудаанд, дар донишгоҳҳои шаҳрвандӣ яъне ғайриҳарбӣ таҳсил кунанд. Агар фармони хатми онҳо як рӯз пас ё чанд рӯз дертар аз ба хидмат ворид шудани сарбоз қабул шавад, онҳо метавонанд 2 сол хидмат кунанд. Барои ҳамин хеле муҳим аст, ки аввал донишгоҳро хатм карда, фармони хатмкунандаро гирифта, баъд ба хидмати ҳарбӣ ҳозир шаванд.

Радиои Озодӣ: Дар баъзе ҳолатҳо ба хатмкунандагон ваъда медиҳанд, ки дар сурати ба артиш пайвастан, ба онҳо иҷоза медиҳанд, ки дар рӯзи имтиҳони хатм омада, дар имтиҳонҳо ширкат кунанд. Ин ҳолат аз рӯи қонунгузорӣ чихел мешавад?

Дилрабо Самадова: Ин ғайриқонунӣ аст. Чунки сарбоз ё хидматчии ҳарбӣ наметавонад дар рафти хизмат дар донишгоҳҳои шаҳрвандӣ таҳсил кунад. Ба хотири ғайриқонунӣ будан набояд ба ин ҳодисаҳо роҳ диҳанд. Чунки метавонанд ҳатто дипломи онҳоро ғайриқонунӣ эътироф кунанд, зеро вай дар рафти хидмати ҳарбӣ наметавонист таҳсили худро идома диҳад. Дипломҳои онҳо метавонад, ғайриқонунӣ эътироф шавад.

Радиои Озодӣ: Дар рафти хидмат дар артиш ҳақ надоранд ҳатто дар бахши фосилавӣ ё ғоибона таҳсил кунанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дилрабо Самадова: Аз аввал санади хатми донишгоҳ ва баъд хидмат дар артиш.

Дилрабо Самадова: Не, дар ягон донишгоҳҳои шаҳрвандӣ наметавонанд, таҳсил кунанд. Сарбоз метавонад танҳо дар донишгоҳ ва коллеҷҳои ҳарбӣ таҳсил кунанд. Ҳақ надоранд ба маънои он аст, ки дар фосилаи хидмат таҳсили онҳо ях карда мешавад. Пас аз анҷоми хидмат омада, таҳсилашонро давом медиҳанд. Яъне онҳо аз диплом маҳрум намешаванд, вале дар фосилаи хидмат агар имтиҳон супорида, ё диплом гирифта бошанд, аллакай вай ғайриқонунӣ эътироф мешавад.

Радиои Озодӣ: Онҳое ки дар шуъбаҳои фосилавӣ, магистратура ё докторантура таҳсил мекунанд ба артиш бурда мешаванд?

Дилрабо Самадова: Мувофиқи қонунгузории нав, пас аз давраи бакалавр ё давраи таҳсили 4 сола, ҷавонон ба артиш бурда мешаванд. Пас аз анҷоми хидмат метавонанд омада, ба магистартура дохил шаванд. Мисли пештара, магистр ва докторантҳо дар рафти хониш аз хидмати ҳарбӣ озод ё ҳаққи ба таъхир андохтанро надоранд. Онҳо бояд аввал хидматро тамом карда, баъд ба илм раванд.

Радиои Озодӣ: Сарнавишти донишҷӯёни коллеҷҳо чӣ мешавад?

Дилрабо Самадова: Бар асоси қонунгузории қаблӣ, барои донишҷӯёни коллеҷҳо то синни 21 солагӣ озод будан аз хидмат пешбинӣ шуда буд. Яъне дар 18 солагӣ дохил шуда, дар 3 сол бояд коллеҷро хатм кунанд. Чунин маҳдудият ҳоло нест. Вақте ҷавон ба коллеҷ дохил мешавад ва агар якум маротиба бошад, то хатм кардани коллеҷ метавонанд, муҳлати хидматро ба таъхир андозад. Баъди анҷоми таҳсил ба хидмат мераванд.

Радиои Озодӣ: Онҳое, ки имсол донишгоҳҳоро хатм мекунанд ва мехоҳанд бо хоҳиши худ дар ҳамин даъвати баҳорӣ ба хидматӣ ҳарбӣ раванд, бояд чӣ кор кунанд?

Дилрабо Самадова: Албатта ҳоло сафи хоҳишмандон зиёд шуда истодааст. Чунин шахсон метавонанд ба комиссаритаи ҳарбии ҷойи зисташон муроҷиат кунанд. Қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, ки аввал донишгоҳро хатм карда, мақоми донишҷӯ ва баъд мақоми хидматчии ҳарбиро бигирад. Агар аз нисфи таҳсил ба артиш рафтанӣ бошӣ қонунгузорӣ инро манъ накардааст. Дар ин ҳолат вай аз донишгоҳ рухсатии академӣ гирифта, рафта хидматро дар артиш анҷом медиҳад ва баргашта, таҳсилашро идома медиҳад. Лекин агар дар байни таҳсил равад аллакай ду сол хидмат мекунад, агар баъди хатми донишгоҳ равад муҳлати хидмати ҳарбӣ як сол мешавад.

Радиои Озодӣ: Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон чунин тартиб аст, ки донишҷӯ дар арафаи хидмат бояд худро аз қайди донишгоҳ бароварда, дар ҷойи зисти доимиаш дубора сабт кунад. Аз ҷумла дар комиссариати ҳарбии ҳамон ноҳияе, ки қаблан зиндагӣ мекард. Як донишҷӯ ба мо шикоят кард, ки дар комиссариати ҳарбии ҷойи зисташ бурд, шарт гузоштаанд, ки танҳо баъди додани розигӣ барои ба артиш рафтан, ӯро ба қайд мегиранд. Дар чунин ҳолат донишҷӯ бояд чӣ кор кунанд?

Дилрабо Самадова: Дар ин ҳолат ӯ бояд аз донишгоҳ маълумотнома гирад, ки то ҳол донишҷӯ аст. Ҳатто метавонад рӯзҳои имтиҳонро замима карда пешниҳод кунад, ки то фалон сана вай донишҷӯ аст ва пас аз хатми донишгоҳ ба хидмати ҳарбӣ меравад. Агар рафторҳои ғайриқонунӣ, фишор ё ғайриқонунӣ ҷалб кардан ба артиш бошад, бояд ҳатман ба додситонии ҳарбӣ шикоят кард.

Радиои Озодӣ: Барои донишҷӯён тавсияи дигаре доред?

Дилрабо Самадова: Донишҷӯён бояд фаҳманд, ки таҳсил ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ уҳдадорӣ аст. Барои ҳамин талаботҳои қонунгузориро омӯхта, пешакӣ машварат гирифта, ҳуҷатҳои худро омода кунад. Нагузоранд ки ҳуқуқашон поймол шавад. Бояд хидмати ҳарбӣ дар асоси қонун ба роҳ монда шавад ва агар машваратҳо лозим бошад метавонанд ба ҳуқуқшиносони мо муроҷиат кунанд.