"Танҳо баҳси тӯй нест." Ҷузъиёти ҳукми Домулло Абдулҳаннон

Абдулҳаннон Маннонов

Вакили мудофеъ мегӯяд, Абдулҳаннон Маннонов (Домулло Абдулҳаннон), рӯҳоние аз ноҳияи Кушониён, на барои ба ҳам задани тӯйи бародарзодааш, балки дидану паҳн кардани "наворҳои вобаста ба Паймони миллӣ" 6 сол зиндонӣ шуд.

Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифони тоҷик дар Аврупо, ки ҳаргуна иддаоро дар бораи ифротгароӣ рад мекунад, дар кишвар аз соли 2019 созмони тундрав ва мамнуъ эълон шудааст.

Ҳукми Абдулҳаннон Манноновро ҳафтаи гузашта дар Додгоҳи вилояти Хатлон эълон карданд. Радиои Озодӣ танҳо иттилоъ гирифта буд, ки ӯ ба ифротгароӣ гунаҳкор шудааст.

Саидҷаббор Алиев, вакили дифои Домулло Абдулҳаннон, рӯзи 14-уми апрел дар суҳбати телефонӣ қазияи зерҳимояашро шарҳ дод.

Ӯ гуфт: "Дар Ютуб ба номи "Мулло Абдулло" сабтином шуда, пайваста наворҳои Паймони миллиро тамошо ва паҳн кардааст. Як тӯй нест. Агар як тӯй мебуд, бале, мегуфтам, ҳукм нодуруст аст. Он вақт танҳо ҳаракати майдаавбошӣ мешуд, вале ӯ наворҳои мамнуъро дидаву паҳн кардааст."

Вакил нагуфт, ки оё шахси зери ҳимояташ бо ҳукм розӣ ҳаст ё не. Наздикони рӯҳонӣ низ нахостанд, дар ин маврид гап зананд.

Домулло Абдулҳаннон пас аз он боздошт шуд, ки дар моҳи январи имсол навори монеъ шуданаш ба рақсу суруд дар тӯйи бародарзодааш дар ноҳияи Кушониён расонаӣ гардид. Дар он видео меҳмононро низ бо лаҳни тунд меронд.

Навор хашми корбаронро барангехт. Бисёриҳо рафтори ӯро танқид карданд.

Абдулҳаннон Маннонов дар охири моҳи январ дар як барномаи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, аз асабоният чунин рафтор кард ва умед дорад, мардум ӯро мебахшанд.