Шавкат Абдураззоқов, раиси вилояти Намангони Узбекистон, моҳи март ба 110 зан аз номи президент ҳамчун туҳфа "сертификат" додааст. Аз он 110 кас танҳо ба ду зан манзилҳои нав, ба боқимондаҳо манзилҳои навъи "барак" пешниҳод кардаанд.
Ба гуфтаи Гулчеҳра Омонова, ба вай манзиле додаанд, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Вай бо ин вуҷуд манзили пешниҳодшударо қабул кардааст, зеро дар ҳолати вазнин қарор дорад.
"Аммо ҳамин манзилро ҳам намедиҳанд. Ҳар ҳафта муроҷиат мекунам, ҳар бор ин ва ё он ҳуҷҷатеро аз ман талаб мекунанд. Метарсам, ки бо гузашти вақт онҳо маро фаромӯш мекунанд, зеро се сол аст, ки маро фиреб медиҳанд", - гуфт Омонова.
Зани дигар, ки бо расонаҳо суҳбат кард, гуфт, барои таъмини занон бо манзили зист аз буҷаи давлат наздик ба 9 ҳазор доллар ҷудо шудааст.
"Аз ин маблағ ҳамагӣ 8,4 ҳазораш то ба мо расидааст. Ҳоло ба мо пешниҳод доранд, манзилҳои навъи "барак"-ро, ки арзишашон 4,5-5 ҳазор доллар аст, интихоб кунем. Зиндагӣ дар чунин хонаҳо аслан имкон надорад", - гуфт Шаҳноза Давидова.
Дар моҳи декабри соли 2021 дар Узбекистон қарори "Таъмини занони бехона бо манзили зист" қабул шуд.
Бино ба қарори мазкур, дар саросари Узбекистон бояд 1000 зан бо манзили зист таъмин шаванд.
Бисёре аз занон шикоят доранд, манзилҳо ба номи онҳо сохта шуда, вале ба наздикони мансабдорон тақсим мешаванд.