HRW: Нерӯҳои Русия дар Херсон “маркази шиканҷа” ташкил додаанд

Херсон, Украина

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, нерӯҳои Русия дар шаҳри Херсон сокинони одии Украинаро дастгир ва шиканҷа кардаанд.

Дар гузориши созмон аз 13-уми апрел гуфтаанд, нерӯҳои русӣ аз моҳи март то ноябри соли 2022 шаҳри Херсонро дар ҷануби Украина ишғол карда, ба “маркази шиканҷа” табдил доданд.

Ба нақли қурбониёни шиканҷа, нерӯҳои ишғолгари Русия зиндониёнро латукӯб мекарданду ба барқ мегузоштанд ва ба марг таҳдид мекарданд.

Дар гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфта шудааст, ки “ҳама тарафҳои даргирии мусаллаҳона дар Украина ба риояи қонунҳои башарии байнулмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Женева масъул ҳастанд.

Маскав то ҳанӯз ба ин гузориш вокуниш нишон надод, аммо дар гузашта гуфта буд, ки нерӯҳои Русия дар Украина ҷинояти ҷангӣ накардаанд ва ё шахсони ғайринизомиро ҳадаф нагирифтаанд.