Дар як соли охир дар Эрон беш аз 500 касро эъдом кардаанд

Дар Эрон дар соли гузашта шумораи эъдом ё қатли муттаҳамон ба ҷиноят афзудааст.

Гурӯҳи ҳуқуқи башари Эрон, қароргоҳаш дар Норвегия, 13-уми апрел гуфт, Теҳрон дар соли 2022 камаш 582 касро эъдом кард.

Ин омори баландтарин аз соли 2015 ба ин тараф будааст.

"Дар ҳоле ки эътирозҳои зиддидавлатӣ дар Эрон моҳи сентябри соли 2022 дар ҳоли афзоиш аст, Теҳрон аз эъдом барои иръоб ё "шантаж"-и мардум истифода мекунад," – гуфтаанд ҳомиёни ҳуқуқ.