Бритониё ширкати Алишер Усмоновро таҳрим кард

Владимир Путин ва Алишер Усмонов

Лондон ба зидди ширкати ҳолдингии "USM"-и Алишер Усмонов, соҳибкори узбек; Оксана Марченко, ҳамсари сиёсатмадори украинӣ Виктор Медведчук; аъзои хонаводаи олигархҳои рус Владимир Евтушенков ва Сулаймон Каримов таҳрим ҷорӣ кард.

Тибқи иттилои сомонаи ҳукумати Бритониё, ба зидди "USM" ба далели молики он будани Алишер Усмонов таҳрим ҷорӣ гаштааст.

Тавре дар Лондон муайян карданд, Усмонов аз имтиёзҳои ҳукумати Русия "баҳравар" буда, онро дастгирӣ мекунад ва дар бахшҳои иқтисодӣ, ки барои мақомоти Русия стратегӣ ҳастанд, аз қабили саноати истихроҷ ва технологияҳои рақамӣ, ба тиҷорат машғул аст.

Ҳамсари соҳибкори рус Владимир Евтушенков - Наталя Евтушенкова ҳамроҳи фарзандонаш Феликсу Татяна, Гулнора Каримова, духтари сенатор Сулаймон Каримов низ ба рӯйхати таҳримшудаҳои Бритониё шомил гаштаанд.

Бритониё баъд аз шурӯи ҷанг дар Украина зидди зиёда аз ҳазор шахси воқеӣ ва ҳуқуқии Русия таҳрим эълон кардааст.

Ин маҳдудиятҳо ба президенти Русия Владимир Путин ва вазири корҳои хориҷии он кишвар Сергей Лавров низ дахл доранд.