Зодаҳои Қирғизистон мехоҳанд, онҳоро аз зиндонҳои Ироқ биоранд

Зиндоне дар Ироқ. Акс аз бойгонӣ

Даҳҳо зани қирғизистонӣ, ки дар зиндонҳои Ироқ ҳастанд, тавассути бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз мақомоти Қирғизистон хостанд, ки онҳоро ба ватанашон баранд.

Занони қирғизистонӣ гуфтанд, аз соли 2017 дар зиндон ҳастанд.

Калонсолтарини онҳо 65 сол дорад ва хурдтаринаш 20 сол. Бархе аз онҳо 10-20 сол ва бархеи дигар якумрӣ зиндонӣ шудаанд.

"Бисёре аз мо ҳамроҳи шавҳаронамон дар солҳои 2014-2015 ба Сурияву Ироқ омада будем. Бархеҳо модар ҳастанд, ки ба дунболи писаронашон ба инҷо омадаанд. Ҳамаи ин занҳо таҳсилнодида ҳастанд, ки бо роҳҳои фиреб ба дом афтодаанд", - гуфтанд занони зиндонӣ.

Зиндони занона дар ноҳияи Ал-Русафаи шаҳри Бағдоди Ироқ ҷойгир аст. Дар он зиндон асосан занонеро нигоҳ медоранд, ки ба тундгароӣ ва терроризм гунаҳкор шудаанд.

Хабаргузории Reuters 19-уми марти соли 2021 гузориш дод, ки дар он зиндон 494 зани хориҷӣ ҳастанд, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Пештар мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, ки барои баргардондани шаҳрвандонашон аз Ироқ талош доранд.

Дар моҳи марти соли 2021 дар доираи маъмурияти "Мээрим" 79 кӯдаки қирғизистониро аз Ироқ ба Қирғизистон оварда буданд. Як навбати дигар 18 зан ва 41 кӯдакро аз Ироқ ба Қирғизистон оварданд.

Баъзе аз манобеъ гуфтанд, айни замон дар зиндонҳои Ироқу Сурия 42 зани қирғизистонӣ зиндонӣ ҳастанд.

Ба иттилои мақомоти қудратии Қирғизистон, 850 шаҳрванди Қирғизистон ба минтақаҳои дар ҳоли ҷанги Сурия рафтаанд. Аз он теъдод 150 нафар кушта шудааст. Мақомот хабар дода буданд, ки миёни шаҳрвандони ба Сурия рафта наздики 140 зан низ ҳаст.