Дар шаҳри Бишкек як вебкам-студияи моделҳоро ошкор карданд

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон як вебкам-студияеро ошкор карданд, ки ҳамчун клуби компютерӣ фаъолият мекард. Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии он кишвар иттилоъ дод.

Ба иттилои ин ниҳод, дар студия 7-8 тарҷумоне кор мекарданд, ки барои моделҳо ва истифодабарандагони хадамоти вебкам миёнаравӣ мекарданд (вебкам-студия навъе аз пахши онлайни порнографӣ аст, ки бинандагон тавассути чат бо моделҳо тамос мегиранд, барои иҷрои амалҳои гуногун ба моделҳо маблағ мепардозанд).

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин студия 30 компютер мусодира кардаанд.

"Веб-моделҳо дар наздик компютери худ қарор дошта, метавонанд дар шаҳрҳои гуногун зиндагӣ кунанд. Ҳамчунин фармоишгарони чунин хадамот метавонанд, аз кишварҳо ва шаҳрҳои гуногун бошанд. Инҷо операторон пайваст шуда, ба ҳайси тарҷумон аз номи веб-моделҳо бо муштариҳо муошират мекарданд", - омадааст дар хабари пулис.

Кормандони пулиси Қирғизистон барои ошкор кардани вебкам-студияҳо пайваста рейд мегузаронанд. Фаъолияти вебкам-студияҳо дар Қирғизистон расман мамнуъ аст.