Русияву Украина асиронро иваз карданд

Табодули асирон

Миёни Русияву Украина рӯзи 10-уми апрел табодули навбатии асирон сурат гирифт. Русия 106 низомӣ ва Украина 100 низомиашро баргардонд.

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки 106 асир дар муассисаҳои тиббии вазорат табобат хоҳанд гирифт.

Андрей Ермак, раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Украина, тасдиқ кард, ки 100 низомии украинӣ аз асорати Русия раҳо шуда, ба хонаҳояшон баргаштаанд. Ба гуфтаи Ермак, бархе аз низомиҳои озодшуда ҷароҳат ва беморӣ доранд. Ба онҳо кумаки тиббӣ расонида хоҳад шуд.

Дар охири моҳи марти имсол Украина хабар дод, ки асирони бемори русро ба Русия интиқол додааст. Ба иттилои Ситоди ҳамоҳангсозии кор бо асирони низомӣ, асирони ба Русия интиқолшуда 5 нафар буданд.

Бино ба меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, асирони дорои ҷароҳатҳои вазнин ва бемориҳои сахт на табодул, балки бидуни қайду шарт ба кишвари худ интиқол меёбанд.

Ибтидои моҳи феврали имсол ваколатдори ҳуқуқи низомиҳои Украина Алёна Вербитская гуфта буд, ки бештар аз 3 ҳазор кас дар асорати Русия аст.

Бештар аз 15 ҳазор кас, аз ҷумла шахсони ғайринизомӣ беному нишон шудаанд. Ҷониби Русия расман дар бораи асиронаш хабаре надодааст.