БҶ: Интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам мешавад

Акс аз бойгонӣ.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише гуфт, имсол интиқоли маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам хоҳад шуд.

Аз ин рӯ, мутахассисони созмон пешгӯӣ кардаанд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол то 5 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Соли гузашта мақомот гуфтанд, иқтисоди кишвар 8 дарсад рушд кард.

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, соли гузашта рушди иқтисод асосан аз ҳисоби афзоиши чашмгири интиқоли пул аз Русия буд. Ин ниҳоди молии байнулмилалӣ маблағи муҳоҷиронро сеяки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ҳисоб кардааст.

Муаллифони гузориши Бонки Ҷаҳонӣ навиштаанд, иқтисоди Тоҷикистон асосан аз ҳисоби содироти захираҳои табиӣ ва маблағи муҳоҷирон асос ёфтааст

Дар гузориш ҳамчунин аз он нигаронӣ шудаст, ки онҳое ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам Русияро доранд, ҳамчунон зери хатари сафарбарӣ ба ҷанги Украина қарор доранд.

Ин вазъ ба қавли мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ, боис ба бозгашти бештари муҳоҷирон ба ватан мешавад, ки эҳтиёҷро ба кумакҳои иҷтимоӣ бештар мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин гузориши Бонки Ҷаҳонӣ вокуниш накардаанд, аммо аксар вақт нақши муҳоҷиронро дар иқтисоди кишвар камранг нишон додаанд.