Мардеро дар Эстония барои навиштаи "СССР" ҷарима бастанд

Сокини шаҳри Нарваи Эстонияро барои навиштаи "СССР" дар куртаи сурхаш 444 евро ҷарима бастанд.

Ба иттилои расонаҳои он кишвар, сокини Нарва бо куртаи мазкур рӯзи 9-уми майи соли 2022 ба назди ёдгории тонки Т-34 омадааст.

Бо дидани кормандони пулис, мард талош кардааст, куртаашро пинҳон кунад. Дар мақомоти Эстония гуфтанд, мард бо ин амалаш нишон дод, ки медонад пӯшидани чунин либос бо чунин рамз манъ аст.

Қарори додгоҳ ҳанӯз моҳи ноябри соли 2022 содир шуда, аммо танҳо ҳафтаи гузашта ба иҷро даромад.

"Нишон додани либос бо чунин рамз дар рӯзи 9-уми май иғвогарист, ки мустақим ба сафед кардани ҷиноятҳои байналхалқӣ равона шудааст ва бо гиромӣ доштани хотираи қурбониён рабте надорад", - гуфтан дар пулиси Эстония.

Ин мард дар додгоҳ гуфтааст, ки аз хушунати Русия нисбати Украина ҳимоят мекунад.