Рӯзноманигорон ҷузъиёти нави санадҳои махфии ифшошудаи Пентагон ва Идораи марказии иктишофии Амрикоро, ки ба тавонмандии дифоии Украина ва Русия рабт доштанд, пайдо карданд.
Санадҳо нишон медиҳанд, ки хадамоти махсуси Амрико ҳар ду кишвар - ҳам Украина ва ҳам Русияро назорат мекардааст. Ифшои санадҳоро нашрияҳои амрикоии "The New York Times" ва "The Washington Post" таҳлил карданд.
Дар санадҳо, аз ҷумла омадааст, ки намояндагони ширкати хусусии низомии "Вагнер"-и Русия дар ибтидои моҳи феврали имсол дар робита ба хариди силоҳ барои ҷанги Украина ва Малӣ бо Туркия гуфтугӯҳое анҷом додаанд. Аммо маълум нест, ки ҷонибҳо ба созиш расидаанд ё не.
"The Washington Post" навиштааст, агар Туркия ҳамчун узви НАТО пинҳонӣ аз эътилоф барои интиқоли силоҳ ба артиши Русия гуфтугӯ намояд, ин зарбаи сахте ба обирӯи он кишвар хоҳад буд.
Дар санадҳо ҳамчунин мавқеи Чин нисбат ба ҷанги Украина оварда шудааст. Иктишофҳои Амрико гуфтаанд, Чин ҷонибдори харобкории украиниҳо дар Русия аст. Зеро бо ин роҳ НАТО-ро таҷовузгар номида, кумак ба Русияро афзоиш медиҳад.
Ин санадҳо чи гуна расонаӣ шудаанд, ҳанӯз маълум нест. Вазорати адлияи Амрико гуфт, тафтишот оғоз шудааст. "Washington Post" бо истинод ба ду манбаъ навишт, ки Вазорати дифои ИМА дастрасӣ ба санадҳои иктишофиро маҳдуд кардааст.