Зеленский гуфт, Лаҳистон ба Киев 200 "Росомак" медиҳад

Владимир Зеленский

Лаҳистон (Полша) ба Украина 200 мошини зиреҳпӯши "Росомак" хоҳад дод.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, 100 мошини зиреҳпӯш ба зудӣ дастрас мегардад, боқимонда дертар.

Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Лаҳистон ваъдаи худро дар бораи таъмини Киев бо тонкҳои "Леопард", ҳавопаймоҳои МиГ-29 ва таҷҳизоти дигар иҷро кардааст.

Украина маблағи мошинҳои зиреҳпӯшро ба Лаҳистон эҳтимол аз ҳисоби пуле хоҳад дод, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба Киев пешниҳод кардаанд.

Нашрияи Rzeczpospolita пештар навишта буд, ки ширкати лаҳистонӣ дар як сол тавони тавлиди 100 мошини зиреҳпӯшро дорад, аммо имкони афзоиши иқтидораш ҳаст.