Жозеп Боррел, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо тавсеаи хушунатҳо миёни Исроилу Фаластинро маҳкум кард ва аз ҳарду ҷониб хост, ки аз хештандорӣ кор бигиранд ва дар ҷараёни идҳои мазҳабии мардуми маҳаллӣ оромишро риоя кунанд.
Таниш дар равобити Исроилу Фаластин баъди рӯзи ҷумъа кушта шудани як туристи итолиёӣ ва маҷрӯҳ шудани панҷ нафар дар Тел-Авив ва ҳам дар як тирандозии соҳилҳои ғарбии рӯзи Урдун кушта шудани ду хоҳари исроилӣ якбора боло гирифт.
Боррел дар изҳороте рӯзи 8-уми апрел гуфт: “Исроил ҳақ дорад, ки аз худ дифоъ кунад. Айни замон, ҳама гуна вокуниш бояд мутаносиб бошад. – Ӯ афзуд, - Иттиҳоди Аврупо ба хатми билофосилаи хушунатҳо даъват мекунад. Барои пешгирӣ аз тавсеаи низоъ бояд тамоми талошҳо ба харҷ дода шавад”. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки мусламонон моҳи Рамазон, яҳудиҳо иди Песах ва масеҳиён Иди Покро ҷашн мегиранд.