Президенти Украина Владимир Зеленский шоми 7-уми апрел дар ифтори мусалмонон дар Киев иштирок кард ва гуфт, ин кор ба як маъракаи расмӣ дар кишвар табдил хоҳад шуд. Сомонаи "Крим.Реалии" бо такя ба "Укринформ" навишт, ифтор бо иштироки низомиёни мусалмони украинӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва Маҷлиси тоторҳои Қрим баргузор шуд.
Зеленский гуфт: "Имрӯз мо дар Украина дар сатҳи расмӣ суннати баргузории ифторро ҳамроҳи қаҳрамонҳои ҳозири мо – ҷанговарони мусалмон, Маҷлиси мардуми тоторҳои Қрим ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмони Украина оғоз мебахшем. Бо ин кори худ мо собит мекунем, ки Украина ҳар як инсон, ҳар як ҷомеаро қадрдонӣ мекунад."
Раисиҷумҳури Украина таъкид кард, ки гуногунии ҷомеа, ки бар пояи эҳтиром бунёд шудааст, як хусусияти Украинаи мустақил мебошад. "Бигузор ҳамин хислати мо тақвият ёбад ва танҳо барои анҷоми корҳои нек равона шавад," -- афзуд ӯ.
Владимир Зеленский гуфт, Украина аз мусалмонони ҳамватанаш ва ҳам тамоми ҷомеаи мусалмони ҷаҳон миннатдор аст, ки дар қатори украиниҳо барои дифоъ аз сулҳу муқовимат ба шарорат (бадӣ) талош ба харҷ медиҳанд.
То соли 2014 тахминан 1%, яъне то 2 миллион аҳолии Украинаро мусалмонҳо ташкил медоданд. Аксари онҳо намояндагони ҷомеаи тоторҳои Қрим буданд. Муҳаққиқони масоили динӣ мегӯянд, дар Украина барои мусалмонон мушкилоти ҷиддие вуҷуд надорад.
Вале баъд аз ишғоли нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русия бисёре аз мусалмонон таҳти фишору пайгард қарор гирифтанд. Маҷлиси тоторҳои Қрим, ки аз ҳуқуқи ин мардум дифоъ ва дар Киев дар сатҳи расмӣ намояндагӣ мекард, мамнуъ шуд. Ин созмон ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқ аз даҳҳо мавриди иттиҳом ва таъқиби мусалмонон, аксаран тоторҳои Қрим, беному нишон шудани мардон ба иттиҳоми экстремизму терроризм хабар медиҳанд.
Соли 2022, баъд аз оғози ҳамлаи беасоси Русия ба хоки Украина, сафорати Тоҷикистон гуфт, тахмин меравад, то ин ҳодисаҳо дар ин кишвар 8 ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ ҳам ба сар мебурданд. Як қисми калони онҳо донишҷӯ мебошанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Макрон аз Си Ҷинпин хост, Русияро ба сулҳ бо Украина розӣ кунадИдомаи набардҳо дар Бахмути Украина Қазоқистон гуфт, дастурро барои боздошти Путин иҷро намекунанд"Гуфтам, ба он ҷо нарав, эҳтимоли зинда баргаштан кам аст" ВИДЕО